Чоҳи сархӯр. Се нафар аз таъмиргарони муҳаррики обкаши чоҳ ба он сарозер шуданд. Мутаассифона касе аз онҳо зинда намонд

Ин ҳодисаи мудҳиш шоми дирӯз, 7-уми сентябр дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода рух дод. Се нафар сокинони ин деҳа, ки аз 63 то 32 сол доштанд, ҳангоми таъмири муҳаррики обкаши чоҳи деҳа сарозер ва ба умқи 18-19 метр фурӯ рафтанд. Сабаби ҳодиса беэҳтиётӣ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмири муҳаррик унвон шудааст.
Дар баробари расидани хабар дастаи наҷоти Кумитаи

Медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тақдим шуданд

Имрӯз, 7-уми сентябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба муносибати  пурра сохта, ба истифода додани хонаҳои истиқоматии шаҳрвандоне, ки аз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, аз номи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси ноҳияи Хуросон медали “25 - солагии таъсисиёбии Кумитаи ҳолатҳои...

Мо ва коронавирус. Оё муолиҷашудагон дубора сироят мешаванд? Илм посухи ин суолро надодааст. Пас эҳтиёт бояд кард

Аз охири ҳафтаи гузашта як хабари зоҳиран фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунад. Хабари ҳушдордиҳанда, хабаре, ки аз ҳамагон даъват мекунад дар мавриди КОВИД-19 хушбовар набошанд. Асли хабар ин аст: “Чи гунае ки хабар расид. Шахсоне ки ба каронавирус гирифтор шуданд ва шифо ёфтанд имконияти боз ба ин бемони гирифтор шуданашон вучуд дорад ва ин маротиба нисбатан чиддитар ин вирус ба

Ҷасади ронандаи “Мерседес Бенс” , ки 18 август бо 4 мусофир сарозер шуда буд, пайдо шуд. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад

Шоми дирӯз, 6-уми сентябр, соати 19:10 дақиқа наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ронандаи 57-солаи мошини “Мерседес Бенс”-ро дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пайдо ва ба хешовандонаш супурданд.

Ин мошин рӯзи 18-уми августи соли равон бо чор мусофираш

Наҷоти зане, ки даст ба худкушӣ зада буд

Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як зани 49-солаеро, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот доданд. Ин зан шаби 6-уми сентябри соли равон, соати 00:30 дақиқа аз пули маҳалли 103-уми шаҳри Душанбе мехост худро сарозер кунад.
Баъди дарёфти хабар ҳайати гурӯҳи 1-уми Дастаи махсуси

Страницы