Ширкати кормандони КҲФ дар сафороии ҳарбӣ (ВИДЕО)

3 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе бо ширкати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон сафороии ҳарбӣ доир шуд, ки дар он сарбозону афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

34 нафар аз қариб 100 нафар бонувони Гвардияи миллӣ вазифаҳои роҳбарикунанда доранд

Ин суханонро имрӯз, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори 25-солагии таъсиси Гвардияи миллӣ иброз намуданд. Пешвои миллат гуфтанд: Имрӯз дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар садҳо нафар, аз ҷумла дар Гвардияи миллӣ қариб 100 нафар бонувон бо иҷрои вазифаю уҳдадориҳои

ПАЖӮҲИШ: Донишмандон мегӯянд коронавирус аз ҳаво ҳам сироят мекунад ва дурии масофа нақш намебозад. Пас ҳатман бояд бо ниқоб буд!

Дар як автобус дар Чин 24 нафар ба коронавирус сироят шуданд. Ин гувоҳи он аст, ки вирус на танҳо аз тариқи қатраҳои хурд, балки аз ҳаво ҳам сироят мекунад, мегӯянд мутахассисони Донишгоҳи Ҷорҷанияи ИМА ва марказҳои пажӯҳишии Чин. Натиҷаи ин таҳқиқот ахиран дар маҷаллаи JAMA Internal Medicine интишор ёфт.

Моҳи январи соли 2020 то эълони чораҳои беҳдоштӣ, ки

Ҳалокати як марди 61-солаи урметанӣ дар дарёи Зарафшон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҳалокати як марди 61-сола дарёи Зарафшон хабар дод. Ин манбаъ иттилоъ дод, ки соати тахминан 10:50 дақиаи рӯзи 2-уми сентябри соли равон дар соҳили дарёи Зарафшон,  мавзеи деҳаи Вешисти ҷамоати деҳоти Ёрӣ сокинон рӯи об баромадани ҷасади марди ношиносеро мушоҳида карданд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангию оммавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолро манъ кард

Бино ба иттилои хабаргузории “Ховар” имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии ситод баргузор гардид. Дар ҷаласа Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ

Страницы