34 нафар аз қариб 100 нафар бонувони Гвардияи миллӣ вазифаҳои роҳбарикунанда доранд

Ин суханонро имрӯз, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори 25-солагии таъсиси Гвардияи миллӣ иброз намуданд. Пешвои миллат гуфтанд: Имрӯз дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар садҳо нафар, аз ҷумла дар Гвардияи миллӣ қариб 100 нафар бонувон бо иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ машғуланд, ки 34 нафари онҳо вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши дигар аз суханронии худ изҳор доштанд, ки фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизматӣ, яъне мунтазам беҳтар кардани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар тӯли 25 сол 475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 оила бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудааст.

Ғайр аз ин, ҳоло барои хизматчиёни ҳарбӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони 10 хона ва дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони бинои дуошёнаи дорои 24 ҳуҷра идома дорад.

 Фаъолияти онҳо дар самти корҳои тарбиявӣ, коргузорӣ, кор бо кадрҳо, хизматрасонии тиббӣ, алоқа ва хадамоти ақибгоҳ хеле назаррас мебошад.

Дар паради имрӯзаи идона бонувон – хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ иштирок мекунанд, ки ин нишонаи возеҳи садоқат ба Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Муфассалтар ин ҷост:  Суханронӣ ба ифтихори 25 – солагии таъсисёбии Гвардияи Миллӣ

барчасп: