Ширкати кормандони КҲФ дар сафороии ҳарбӣ (ВИДЕО)

3 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе бо ширкати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон сафороии ҳарбӣ доир шуд, ки дар он сарбозону афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

150 кормандони КҲФ бо сарварии афсарони соҳибтаҷрибае, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар на як даҳсола таҷриба андӯхтаанд, саф кашиданд. Дар ин сафороӣ кормандони КҲФ бо сару либоси ҳарбии ороишёфта бо акселбантҳои заррин, дастпӯшҳои сафед ва медалҳо гузаштанд. 

“Ҳангоми дар саф будан мо аз кишвар ифтихор дорем ва ба ҳамаи кормандони низомӣ, ки барои ояндаи осоиштаи мо мубориза бурдаанд, арҷ мегузорем. Мо бори аввал дар ин раҳпаймоии ботантана ширкат меварзем, Бароямон ин як шарафи бузург аст», - гуфтанд кормандони ҷавони Кумита, ки бори аввал дар ин чорабинии муҳим ширкат варзиданд.

барчасп: