Дар як автобус дар Чин 24 нафар ба коронавирус сироят шуданд. Ин гувоҳи он аст, ки вирус на танҳо аз тариқи қатраҳои хурд, балки аз ҳаво ҳам сироят мекунад, мегӯянд мутахассисони Донишгоҳи Ҷорҷанияи ИМА ва марказҳои пажӯҳишии Чин. Натиҷаи ин таҳқиқот ахиран дар маҷаллаи JAMA Internal Medicine интишор ёфт.
Моҳи январи соли 2020 то эълони чораҳои беҳдоштӣ, ки риояи фосила ҷузъе аз он буд, дар шарқи Чин як гурӯҳ бутпарастон савори ду автобус муддати панҷоҳ дақиқа сафар карданд. Дар яке аз ин автобусҳо як хонуме ба вируси корона сироят шуда буд, вале ҳатто худи ӯ инро намедонист. Ягон нафар аз мусофирони ду автобус ниқоби ҳимоявӣ ҳам надоштанд.
Хеле ба зудӣ дар 24 нафар аз мусофирони ин ду автобус коронавирус КОВИД19 ошкор шуд. Аксари онҳо ҳамонҳое буданд, ки бо ин зан дар як автобус сафар доштанд ва ҳафт нафар аз ҷумлаи онҳое буданд, ки дар маросими динӣ дар ҳамин ҳалқа ширкат карданд.
Ин ҷо дуриву дар фосила будани мусофирон аз сарчашмаи сироят нақше набозид. Ҳатто касоне сироят шуда буданд, ки ҳафт қатор дуртар аз ин бону менишастанд.
Донишмандон мегӯянд дар ҳамин ҳол ҳам хатари сироят коҳиш меёфт, агар ин хонуми бемор дар назди тирезаи автобус менишаст.
Таҳқиқот нишон дод, ки коронавирус қодир аст аз ҳаво ҳам сироят кунад, на танҳо бо воситаҳи қатраҳои хурдтарин. Утоқи танг ва беҳавокашу тирезаҳояш ҳамеша пӯшида хатари бештари сироят ба коронавирус дорад.