Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҳалокати як марди 61-сола дарёи Зарафшон хабар дод. Ин манбаъ иттилоъ дод, ки соати тахминан 10:50 дақиаи рӯзи 2-уми сентябри соли равон дар соҳили дарёи Зарафшон, мавзеи деҳаи Вешисти ҷамоати деҳоти Ёрӣ сокинон рӯи об баромадани ҷасади марди ношиносеро мушоҳида карданд.
Панҷ нафар аз имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят дар водии Зарафшон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва соати 12 ҷасадро аз об берун оварданд.
Маълум шудааст, ки марди ғарқшуда сокини деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ будааст. Хешовандонаш мегӯянд марҳум рӯзи 1 сентябри соли равон, тахминан баъди соати 16 аз хона баромадаву дигар барнагаштааст.
Кормандони наҷот ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Сабаби марги ӯ маълум нест. Аммо чанде аз пайвандонаш гуфтаанд, ки вақтҳои охир гирифтори бемории рӯҳӣ шуда буд.
Мақомот сабабҳои эҳтимолии ин маргро таҳқиқ мекунанд.