Омӯзиши қоидаҳои беҳдоштӣ ба беш аз 400 кӯдакону наврасон дар шаҳрҳи Душанбе, Шаҳринав ва Турсунзода

Бо мақсади пешгирии таҳдиди паҳн гардидани коронавирус КОВИД-19  ва таъмини ҳолати беҳдоштӣ дар боғчаҳои бачагона, мактабҳои миёнаи шаҳрҳои Душанбе, Шаҳринав ва Турсунзода аз тарафи кормандони идораи наҷоти кишвар корҳои таблиғотӣ бо истифода аз техникаи махсуси КҲФ баргузор шуд.

Дар ин дидору мулоқотҳо кормандони Кумита  бо ёрии наворҳои омӯзишии видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ, ки дар онҳо роҳу шеваҳои пешгирӣ аз коронавирус, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми пай бурдани аввалин нишонаҳои сироят ба вирус ва ғайра нишон дода шуданд, суҳбатҳо доир карданд. Дар ин суҳбатҳо дар маҷмуъ бештар аз 400 нафар кӯдакон аз боғчаҳои бачагона ва хонандагони мактабҳо ҷалб карда шуданд. 

Ғайр аз ин кормандони КҲФ амалан нишон доданд, ки аз антисептикҳо чӣ гуна бояд истифода кард. 

Дар поёни мулоқот ба бачаҳо варақаву китобчаҳои таблиғотӣ, ки бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон омода шудааст, тақсим карда шуд. 

барчасп: