КҲФ: таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Балхӣ

31 майи соли 2021, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ аз сабаби риоя нашудани техникаи бехатарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ёш Ленини ҷамоати деҳоти Халивади ноҳияи Балхии вилояти Хатлон таркиш ба амал омад.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи таркиш касе осеб надидааст. Сабабҳои таркишро мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд.

Сурат аз Интернет

барчасп: