Дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд наваскарони даъвати баҳории соли 2021 ба номи Ватан савганди ҳарбӣ ёд карданд. Маросими қабули савганди ҳарбии наваскарон бо иштироки сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина баргузор гардид.
Чорабинӣ бо суруди миллӣ оғоз шуд. Баъдан сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина ҳайати шахсӣ, наваскаронро муносибати рўзи қабули савганди ҳарбӣ муборакбод намуда, табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид,
Полковник Додиён ҳамчунин таъкид намуд, ки ин рўзи фаромўшнашаванда, яъне рўзи қабули савганди ҳарбӣ, ки ҳар як ҷавонмард қадами аввалини худро ба мактаби мардонагӣ ва шуҷоъ гузошта истодаанд, зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ватани азизамон ба ҳар як ҷавонмард вазифаи пуршарафу муқаддас баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини субботу оромии давлат ва ҷомеъа мебошад.
Дар ҷамъомади идона баробари сарбозону афсарони қисми низомӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат намуданд.
Баъди маросими савгандёдкунӣ сафороӣ ва қадамзании ҳарбӣ доир гардид.
Дар охир гурӯҳе аз волидони наваскарон, ки дар ин маросим ширкат доштанд, бо шароити будубоши фарзандонашон аз наздик ошно шуданд.
Як барномаи ҳунарӣ ҳам бахшида ба ин маросим омода шуда буд, ки иҷро гардид.
Ш. Бутаева