Семинари омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони минтақаи Рашт

Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, аз 26 то 28 майи соли 2021 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи " Кор бо боқимондаҳои инсон дар ҳолатҳои фавқулодда" баргузор гардид, ки дар он наҷотбахшони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт иштирок намуданд.

Давраҳои омӯзишии мазкур дар асоси "Дастури барқарорсозӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва интиқоли ҷасадҳои ҷабрдидагон дар ҳолатҳои фавқулодда", ки аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таҳия шудааст ва бо истифода аз таҷрибаи мавҷудаи байналмилалӣ дар ин самт гузаронида мешаванд.

Дар семинар 21 нафар наҷотбахшон ширкат варзиданд. Курсҳо аз ҷониби 4 мураббии миллӣ, ки қаблан омӯзиш дидаанд ва таҷриба доранд, инчунин бо иштироки як коршиноси байналмилалӣ гузаронида шуданд.

Зикр кардан бомаврид аст, ки чунин дарсҳои омӯзишӣ бо наҷотдиҳандагони Кумита дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва гурӯҳи наҷотбахшон дар минтақаи Зарафшони вилояти Суғд гузаронида шуданд.

барчасп: