КҲФ: Хатари сел то 1-уми июн боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 1-уми июни соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳои харобкор боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ба минтақаҳои кӯҳӣ барои ҷамъоварии алафу ҳезум ва чорвочаронӣ нараванд. Ҳангоми дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо будан эҳтиёткор бошанд. Аз рафтан барои истироҳат ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. 

Ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз паёмадҳои омадани сел Кумита хотиррасон мекунад, ки селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд.  

Тавсияҳо барои пешгирӣ аз нохӯшиҳои эҳтимолӣ ва ҷилавгирӣ аз вуруди сел ба хонаву таҳхонаҳо ва майдонҳои кишти зироатро метавонед муфассал ин ҷо бихонед:

СЕЛ МЕОЯД. ЧӢ БОЯД КАРД? ТАВСИЯҲОИ КҲФ БА АҲОЛӢ

 Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохӯши дигар шумо метавонед бо телефонҳои

112;

93 880 28 19;

 223 13 11   муроҷиат намоед.

барчасп: