Рӯзи гузашта, 27-уми май соати 15:32 дақиқа ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки як наврас дар соҳили чапи дарёи Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Фирдавсӣ вақти оббозӣ ғарқ шудааст.
Баъди дарёфти хабар фавран сардори Раёсат, муовини сардори Раёсат ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Бо роҳандозии корҳои наҷот соати 15:55 дақиқа ин писари ноболиғ аз марг наҷот дода шуд. Маълум гардид, ки ӯ 16 сол дошта, сокини деҳаи Сомони ноҳияи Синои пойтахт будааст.
Ғаввосони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ӯро дар миёни дарё, ки дар як садди бетонӣ дармонда наметавонист ҳаракат кунад, наҷот доданд ва саломат ба волидонаш супурданд.