Дар олам то ба имрӯз 169 миллиону 648 ҳазору 054 нафар ба коронвирус олуда шуданд. Аз ин беморӣ то кунун 3 миллиону 525 ҳазору 426 нафар ҷон бохтанд. Шумори пурра муолиҷашудагон 151 миллиону 512 ҳазору 824 нафар эълон шудааст.
Кишварҳое, ки шумори бештари гирифторон ба вируси корона доранд:
ИМА — 33 989 237
Ҳинд — 27 547 705
Бразилия — 16 342 162
Фаронса — 5 635 629
Туркия — 5 220 549
Русия — 5 035 207
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостори ташхиси нав дар бораи манбаъи хуруҷи коронавирус шуд. Ҷо Байден-президенти ин кишвар ахиран ба мақомоти иктишофии кишвараш дастур дод, ки сарчашмаи аслии хуруҷи КОВИД-19-ро муайян кунанд. Ваҳингтон мегӯянд марҳилаи санҷиши аввал, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ анҷом дод, нокифоя ва ба анҷомнарасидааст, ки бояд ба пуррагӣ ба анҷом расад. ИМА талаб кард, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ санҷишҳоро дубора роҳандозӣ кунад, ҳатто дар қаламрави Чин низ.
Дар Британияи Кабир шумори сироятётагони шабонарӯзӣ то ба 2,5 ҳазор поин рафтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи январ мубталоёни шабонарӯзӣ то ба беш аз 60 ҳазор мерасиданд.
Наздик ба 13 миллион ва ё 15,7 дарсади сокинони Олмон алакай ду дозаи воксан аз коронавирусро дарёфт кардаанд. 35 миллион нафар то ба имрӯз як дозаи воксанро гирифтаанд.
Дар Италия зарфи чанд рӯзи охир камтар аз 5 ҳазор нафар дар як шабонарӯз сироятшудагон ба вируси корона ба қайд гирифта мешаванд, ки ин ҳадди поинтарин аз моҳи октябри соли гузашта мебошад.
Дар Испания ҳафтаи охир наздик ба 2 ҳазор сироятшуда ба КОВИД-19 дар шабонарӯз ба қайд гирифта мешавад, ки ин 20 баробар камтар дар қиёс ба аввали соли ҷорӣ мебошад.
Дар Колумбия ба қароре омаданд, ки низоми ҳолати фавқулодаро, ки амалан 31-уми май ба анҷом мерасад, боз 90 рӯз тамдид кунанд.
Ҳамоно Ҳинд дар сироят ба коронавирус як вазъи пурхатар дорад ва ҳамоно дар як шабонарз то 210 ҳазор ва баъзан бештар аз он мубталоёни нав сабт мешаванд.
Моҳи апрели соли равон ҳар шабонарӯз дар Туркия то ба беш аз 60 ҳазор мубталоёни нав ба қайд гирифта мешуданд. Ҳоло ҳар 24 соат наздик ба 8-9 ҳазор нафар чун сироятшудаи нав ба вируси корона сабт мешавад.
Мақомоти шаҳри сайёҳии Паттаяи Таиланд эълон кард, ки ба тафреҳгоҳҳои худ дар семоҳаи чорум гардишгарони хориҷиро қабул хоҳад намуд.
Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷопон ба ин умеданд, ки 30% аҳолии олам то охири сол зидди коронавирус эм карда мешаванд.
Сарвари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин аз аввали соли равон хеле кам дар байни мардум дида мешавад, ки сабаби он шояд тарс аз сироят коронавирус бошад.
Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ сокинонро аз эҳтимоли авҷи сеюми коронавирус ҳушдор доданд. Бино ба маълумоти созмони тандурустии ин кишвар аллакай дар вилоятҳои Гаутенг ва Фри-Стейт афзиши сироят ба COVID-19 мушоҳида шудааст.
26 – уми майи соли равон Вазорати беҳдошти Эрон хабар дод, ки шумори фавтидагон аз коронавирус дар кишвар ба 79 056 нафар расидааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 9039 ҳодисаи сирояти нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ боз 402 нафар фавтиданд.
Шумори мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон ба 103 583 нафар расидааст ва теъдоди фавтидагон 1 781 нафар эълон шудааст.
Теъдоди гирифторон ба Covid-19 дар Узбекистон ба 99 344 нафар расида ва фавтидагон 685 нафар гуфта мешавад. То кунун дар Узбекистгн аз Covid-19 94 952 нафар пурра муолиҷа шудаанд.