Як шабонарӯзи бунёдкориҳо дар маҳалҳои офатзада

Шабонарӯзи гузашта Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ корҳои зеринро ташкил ва ба анҷом расонд. Дар ноҳияи Вахш кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 3 техника дар поксозии хонаҳои офатрасида мусоидат намуданд. Ғайр аз ин хизматчиёни ҳарбии КҲФ дар ноҳияи Вахш шабонарӯзи гузашта шаш хонаи истиқоматии сокинонро аз лою лойоба тоза намуданд.

Сохтмони биноҳои нав барои зарардидагон идома доранд ва то кунун пойдевори 8 хонаи истиқоматӣ сохта шуд. 

Барои сохтани 20 хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Ҷомӣ корҳои кандани хандақҳо, рехтани пойдевор идома доранд ва сохтани девори ҳафт хона оғоз шудааст. 

Дар шаҳри Кӯлоб хизматчиёни ҳарбии КҲФ ва дигар сохторҳо бо ҷалби 17 техникаи гуногун кӯчаи ба номи Содиқов аз паёмадҳои офат тоза карданд, қаламрави маҳаллаҳои  С.Даминзода, Корвонсарой, Хати роҳ, Тудакафш, ҳамчунин сойи Тебалай низ аз ҳар гуна селовардҳо поккорӣ шуданд. 14 маҳалла, сойи Тебалай, Шураксой ва Девонасой бо истифода аз доруҳои зиддиуфунӣ пок шуданд.  

Як пул дар маҳаллаи Фирдавсӣ барқарор карда шуд, барои барқарор намудани пулҳои вайроншудаи дигар корҳо идома доранд, дар маҳаллаи НБТ аз лою лойқа 500 метр роҳ тоза карда шуд.

Корҳои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ҳамаи минтақаҳои офатрасида идома доранд.

барчасп: