Рӯзи 25.05.2021 соати 20:40 дақиқа як сокини ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдорӣ хабар дод, ки лифти баландошёна дар кӯчаи Асадулло Ғуломов вайрон шудааст ва ду фарзанди ӯ дар дохили он мондаанд.
Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳзолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соати 20:44 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, соати 21:09 дақиқа дари лифтро кушода, шаҳрвандонро бароварданд.
Бе роҳбаладии калонсолон танҳо равон кардани кӯдакон дар лифт мумкин нест. Волидон бояд ин қоидаи нонавиштаро донанд. Ногаҳон аз кор мондани лифт, бахусус дар шаб, ки кам касон хабар меёбанд, боиси тарсу ҳарос мешавад ва оқибати нохӯши равонӣ дошта метавонад.
О.Фахриддинзода
ДАР ИН БОРА БО ИН МАТОЛИБРО ҲАМ МЕТАВОНЕД БИХОНЕД:
Бехатарӣ дар лифт. Чӣ бояд кард то худ ва фарзандонамон аз хатар эмин бошем?