Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани селҳо ва болоравии оби рӯдхонаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 26 то 27-уми майи соли 2021 дар рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби нишебиҳои риштакӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара болоравии сатҳи об дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ омадани сел эҳтимол дорад.

Дар ҳамин итибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ба минтақаҳои кӯҳӣ барои ҷамъоварии алафу ҳезум ва чорвочаронӣ нараванд. Ҳангоми дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо будан эҳтиёткор бошанд. Аз рафтан барои истироҳат ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. 

Ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз паёмадҳои омадани сел Кумита хотиррасон мекунад, ки селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд. 

Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохӯши дигар шумо метавонед бо телефонҳои

112;

93 880 28 19;

 223 13 11   муроҷиат намоед. 

барчасп: