Чанд иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоташон бо ҷавонон

Як бахши муҳими суханронии Пешвои миллат дар мулоқоташон бо ҷавонон, ки чанд лаҳза пештар ба анҷом расид, дар бораи нақши ҷавонон дар рушди иқтисод ва фарҳанги кишвар буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла гуфтанд:

 Дар кишвари мо захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад, яъне аз панҷ чор ҳисса ё 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол ҷавонон мебошанд. Ҳар сол дар кишвар зиёда аз 180 ҳазор нафар ба бозори меҳнат ворид мешавад, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар кишвари мо тайи даврони соҳибистиқлолӣ беш аз як миллиону 150 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2020-ум 193 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Мо ин равандро идома дода, тамоми чораҳоро андешида истодаем, ки ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё созем.

Таъкид месозам, ки аз шумораи умумии ҷойҳои кории таъсисдодашуда зиёда аз 70 фоизаш барои ҷавонон мебошад. Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки тавассути ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус, дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳар моҳ ярмаркаи ҷойҳои холии кориро баргузор намоянд.

Илова ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат дар самти таъмин намудани ҷавонон бо шуғл амалӣ шуда истодаанд ва бо дарназардошти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 роҳбарону масъулини вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки фаъолияти худро доир ба бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои дастгирии соҳибкорӣ, инчунин, марказҳои нави касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ, ихтироъкорӣ ва паркҳои технологӣ барои ҷавонон ба таври ҷиддӣ вусъат бахшанд.

Матни комили  ин суханрониро аз ин ҷо бихонед: Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар

барчасп: