Боздиди Сарвазири Тоҷикистон аз ноҳияҳои офатрасида. Рафъи паёмадҳои сел идома дорад

21 – уми моҳи майи соли 2021 дар доираи дастурҳо ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ноҳияҳои офатрасидаи Ҷомӣ, Вахши вилояти Хатлон дидан намуд ва бо фаъолони ин ду ноҳия мулоқот кард.

Дар ҷараёни шинос шудан бо рафти корҳои барқарорсозии харобиҳои сел ва рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ дар ин ноҳияҳо Сарвазири мамлакат ба шахсони масъул дастур дод, ки ҳамаи ин корҳоро бо суръат ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки аз аввалин рӯзҳои офати табиӣ дар минтақа Ситоди фаврӣ ташкил шудаву фаъолият мекунад ва бо талошҳои ин Ситод шабонарӯзи гузашта корҳои зерин анҷом дода шуданд:

Дар ноҳияи Вахш кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҷалби 3 техникаи махсус дар кумаки зарардидагон мебошанд. Ғайр аз ин хизматчиёни ҳарбии КҲФ дар Вахш шабонарӯзи гузашта 10 хонаи истиқоматии сокинонро аз лойё лойоба тоза карданд. 

Барои бунёди 20 хонаи нав дар ноҳияи Ҷомӣ корҳо оғоз шудаанд ва дар айни замон кофтани хандақ, рехтани пойдевори мустаҳкам идома дошта, дар яке аз ин хонаҳо алалкай деворзанӣ шуруъ шудааст. 

Дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии КҲФ ва дигар сохторҳо ва 26 техникаи гуногун то ин дам 300 хона, 10 км роҳ ва 3 км соҳили дарё аз селовардҳо поккорӣ шуда, корҳои дигар бартараф намудани оқибатҳои сел идома доранд. 

Ҳамчунин дар ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бо ёрии 14 техникаи махсус 300 метр роҳ аз лой тоза карда шуда, як қубури интиқоли об ба кор дароварда шуд. 

Дар деҳаи Гулистони ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бо ҷалби 2 экскаватор ва мошинҳои дигар ва ёрии хизматчиёни ҳарбӣ 2 хонаи истиқоматӣ ва 50 метр роҳ аз лой поккорӣ шуд.

Дар ҷамоати Н.Назарови ноҳияи Муъминобод бо ҷалби як техника канали деҳа ва соҳилҳои он аз лойу дигар селовардҳо тоза карда шуд. Ҳоло барои барқарорсозии пули мошингузари деҳаҳои Ғофилобод ва Истиқлоли ноҳияи Муъминобод корҳо ба роҳ монда шудаанд. 

Корҳои рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ идома доранд.

барчасп: