То имрӯз, 17-уми май Комиссияи бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои кишвар барои расонидани умак ба офатдидагон аз сел дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон як силсила корҳои муфидро ба анҷом расонд. Дар минтақа Ситоди фаврӣ таҳти сарпарастии ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода шабонарӯз фаъолият мекунад.
Чунончӣ, рӯзи 17-уми май кормандони КҲФ бо намояндагони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар хонаҳоеро аз назар гузарониданд, ки эҳтимолан барои зиндагии оянда хатар доранд.
Барои роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва расонидани ёрии амалӣ ба сокинон 15 нафар афсарони Раёсати Куитаи ҳолатҳои фаввқулодда дар вилояти Хатлон ва се мошини махсус сафарбар карда шудаанд.
Танҳо зарфи як шабонарӯзи гузашта 40 нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии КҲФ дар қаламрави ноҳияи Вахш бо истифода аз ду мошин 9 хонаро аз лойю лойоба тоза намуда, дар шаҳраки хайманишинон барои осебдидагон боз 8 хайма заданд. Ғайр аз ин сарбозон дар бардорфурори кумакҳое, ки аз аҳолӣ ба ниёзмандону осебдидагон мерасанд, ширкат мекунанд.
Барои назорат ва таъмини амнияти бошандагони шаҳраки хайманишинон 15 нафар аз ҷумлаи кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияии Вахш сафарбар карда шудаанд.
16 майи соли 2021 ҳангоми ҳамоҳангсозии кори Ситоди фаврии КҲФ дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” – и ноҳияи Вахш, ки аз сел зарар дида буд, ташкилоти “Собир Сам” 7 мошини боркаш, ду таҷҳизоти механикии борбардор ва 1 экскаваторро барои таъмири роҳҳои байни деҳаҳо ҷудо кард. Ин мошинҳо то кунун 32 маротиба лойю ифлосиҳо ва сангу шағалу селовардҳоро аз макони офат берун кашидаанд.
Ғайр аз ин муассисаи давлати роҳҳои мошингарди ноҳияҳои Бохтар 3 мошини боркаш, ё мехлопата ва 3 автогредерро барои таъмири роҳҳои байни деҳаҳои ноҳия ҷудо кард. То кунун ин мошинҳо 9 маротиба сангу регу селовардҳои дигарро аз минтақаҳои офат берун кашидаанд.
То ба имрӯз дар маҷмуъ 760 метр роҳи вайрондушдаи деҳот асфалтпӯш карда шудааст. Аз рӯзи аввали оғози бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда то 17-уми майи соли 2021 1900 метр роҳ дар минтақаҳои офатзада мумфарш карда шудааст.
Ҳамчунин, Ситоди фаврӣ бо мусоидати Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон бо ҷалби 2 адад автокран, 1 мехлопата ва 2 экскаватор дар ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш 500 метр канал пок карда шуд. Дар қаламрави деҳаи Иттифоқи ҷамаоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” 2 адад экскаватор ва 1 мехлопата ба тозакунии 4000 метр канали Қумсангир ва 300 метр селроҳа муваффақ шуданд.
Ба аҳолии зарардида ҳамарӯза маводҳои ғизоӣ кумак карда мешавад, мақомот хӯроки гарм ҳам барояшон ташкил кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ бо дастгирии як қатор созмонҳои байналмилалӣ ба осебдидагон ҳам маводи ғизоӣ ва ҳам ашёи ниёзи аввал кумак намуд.
Корҳои баратафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ идома доранд.