Марги як духтар ва писари 11-12-сола аз беэҳтиётӣ дар Мастчоҳ. Волидон кӯдаконро эҳтиёт кунед!

Дар давоми 24 соати охир дар кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ҳодисае рух дод, ки боиси марги ду кӯдак гардид.

28-уми ноябри соли 2024 дар деҳаи Обурдони ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, соати 16:00 ҳангоми тоза кардани боғ, ки дар нишеби дарёи Зарафшон воқеъ аст, ду кӯдак, ки амакзодаҳо буданд, аз беэҳтиётӣ ба дарё ғарқ шуданд.  

Дар хабар гуфта шудааст, ки яке 11 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст. 

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борон ва тарма дар чанд рӯзи оянда!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз 29 ноябр то 1 декабри соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст. Дар аксари ноҳияҳо боридани барфу борон пешгӯӣ шуда, боришоти рӯзҳои 30-уми ноябр ва 1-уми декабр дар баъзе ноҳияҳо шадид хоҳад буд.

Дар ҳудуди мамлакат заминларза ба қайд гирифта шуд

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 ноябри  соли 2024, соати 15:49 дақиқа дар  қаламраваи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. 

Маркази заминларза 279 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 89 километр ҷанубу ғарб аз шаҳри Хоруғи ВМКБ дар ҳудуди Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 4-балл, шаҳри Хоруғ 3 балл ва шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

Тибқи маълумотҳои гирифташуда, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд  гирифта нашудааст.

Дар Хоруғ ҷаласаи Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд

27 ноябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати Раиси Ҳукумати вилоят Алишери Мирзонабот ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти кори Комиссияи вилоятӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 мавриди барарсӣ қарор гирифт. 

Наҷоти кӯдакон дар хонае, ки дар баставу модар наметавонист вориди он шавад

Дар давоми 24 соати охир дар кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст. Сарфи назар аз ин, воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои расонидани кумак ба аҳолӣ ҳамеша омодаанд.

Страницы