КҲФ: Аз боронҳои пуршиддати рӯзҳои оянда эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 29 ноябри соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад. Борон меборад ва дар баъзе ноҳияҳо борони пуршиддат дар назар дошта шуда, дар баландиҳои беш аз 1800 метр аз сатҳи баҳр барф меборад.

Бориши борон метавонад боиси баланд шудани сатҳи оби дарёҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ шуда, хатари омадани сел, резиши санг ва лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Сокинони зарардидаи Сангвор соҳиби хонаи нави истиқоматӣ шуданд

22 ноябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар як маросими тантанавӣ ба сокинони аз офати табиӣ осебдида калиди хонаҳои навро супурданд.

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои осебдида барои бунёди хонаи нав сари вақт кумак расонид.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ  

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарфарозии миллати куҳанбунёдамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди мо, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро таҷассум менамояд.

Таҷлиди Рӯзи Парчами давлатӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

21 ноябри соли 2024 дар Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти Раёсат ва ҳайати шахсӣ иштирок карданд. 

Ифтитоҳи маркази тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимии КҲФ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон

23 ноябри соли 2024 дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани маркази тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимии КҲФ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон баргузор шуд.

Страницы