Нигарониҳо аз омодагӣ ба зимистон дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ

Тибқи ҷадвали баргузории ҷаласаҳои навбатии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини сардори Раёсат полковник Файзуллзода А., сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат Кумита дар ВМКБ подполковник Шоисмат Шомастон ва афсари калони оид ба супоришҳои махсуси Раёсатт вилоят майор Пайшанбиев А., ба ноҳияи Ванҷ сафарбар гардида, рӯзи 12 декабри соли 2024 соати тахминан 10:00 аз тарафи гурӯҳи корӣ дар ҳузури муовини раиси ноҳия Ғайратшозода М.

Семинари «Нақши ҷавонон дар солҳои Истиқлол» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

13 декабри соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар солҳои истиқлолият» ва намоиши дастовардҳои ҷавонон дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар тӯли ин солҳо баргузор гардид

Эҳтиёт аз сардиҳо. Чӣ бояд кард?

Зимистон фаро мерасад, сардиҳои зимистона низ. Мо алакай шоҳиди бориши чанд барфи шадид шудем ва чанд рӯзи оянда низ ҳавошиносон барфҳои пуршиддатро дар қаламрави кишвар пешгӯӣ мекунанд.

Барфу борон, яхбандӣ, туман ва ғайра чун падидаҳои ҳавошиносӣ ташвишҳои худро доранд, ки сокинон аз қабл бояд омода бошанд.

Дар гузашта мо тавсияҳои зиёдеро аз тариқи сомонаи худ ироа карда будем. Ва ҳоло як силсила тавсияҳои дигарро ҷиҳати эҳтиёт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ пешниҳод мекунем. 

АГАР ШУМО ДАР КӮЧАЕД:

КҲФ аз боридани барф дар рӯзҳои 15-16 – уми декабр ҳушдор медиҳад. ЭҲТИЁТ КУНЕД !

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 15-16 декабри соли 2024 дар қаламрави кишвар бориши борону барф дар назар аст. Дар баъзе навоҳии кӯҳии кишвар шамоли шадид бо суръати 7-22 м/с мевазад, дар баъзе минтақаҳо туман низ ба мушкилоти сардӣ мушкилиҳои нав эҷод мекунад.

Мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

12 декабри соли 2024 бо мақсади баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ вохӯрии Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии ҷаноби Аҳсан Таҳсин, мутахассиси аршади Офатҳои табиии Бонки Ҷаҳонӣ баргузор шуд.

 Сарвари КҲФ ба ҳайат барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, ба мавҷудияти имкониятҳои васеъ барои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи мудирияти ҳолатҳои фавқулода таъкид кард.

Страницы