Мулоқоти генерал Назарзода бо Иван Салеев
Чоп шуд: 12/08/2024 | adminОхири ҳафтаи гузашта Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо роҳбари нави Дафтари Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иван Салеев мулоқот кард.
Дар оғози мулоқот роҳбари Кумита аз сатҳи мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба бо сохтори дахлдори СММ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба аҳамияти истифодаи васеи имкониятҳои ҳамкорӣ дар оянда таъкид намуд.