Ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои СААД оид ба ҳолатҳои фавқулода, санаи 4 сентябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.
Дар кори он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баромад намуд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ изҳори назар намуда, вобаста ба фаолияти корӣ дар рафти ҷаласаи мазкур баҳои баланд дод.