Activities calendar

05 сентября 2025

Расул Маҷидзода: Истиқлоли давлатӣ –волотарин дастоварди миллати тоҷик

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон натиҷаи кӯшишу талошҳои тулонии халқи тоҷик дар шебу фарози таърихи миллат мебошад.

Фикри соҳибистиқлол шудан ва саъйи расидан ба давлатлории миллӣ дар зеҳни миллати тоҷик садсолаҳо нуҳуфта буд.

Истифодаи неруву имкониятҳои умумӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни давлатҳо, тақвияти муносибатҳои минтақавӣ дар заминаи Истиқлоли комил ба вуҷуд меояд.

КҲФ: Оғози Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши бисёрҳарба миёни наҷотдиҳандагон

Санаи 5 сентябри соли 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои асосии Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, маросими кушодашавии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши бисёрҳарбаи наҷотдиҳандагони сохторҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ доир гардид.

Мусобиқа аз 5 то 10 сентябри соли 2025 миёни сохторҳои наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда