Activities calendar

04 сентября 2025

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Россия мулоқоти дуҷониба доир намуд

Дар идомаи сафар миёни Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия мулоқоти дуҷониба доир гардид.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

КҲФ:Ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои СААД дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои СААД оид ба ҳолатҳои фавқулода, санаи 4 сентябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.

Дар кори он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баромад намуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ изҳори назар намуда, вобаста ба фаолияти корӣ дар рафти ҷаласаи мазкур баҳои баланд дод.