Activities calendar

23 сентября 2025

КҲФ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ

23 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо гурӯҳи миссияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот мутахассисони калони идоракунии хатари офатҳои табиӣ – Аҳсан Теҳсин ва Толкун Ҷуқушаева, мутахассиси калони идоракунии захираҳои табиӣ – Амос Абу, мутахассис оид ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ – Фаридун Сангинов, мушовири калони ҳуқуқӣ – Хю Ҷозеф Мак Грегор иштирок намуданд.

КҲФ: Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин

Санаи 23 сентябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе, мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, бо Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Го Чжисиюн, доир гардид.

Тарафайн дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуданд