Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири ШМА дар Тоҷикистон

11 марти соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер вохӯрии арзи адаб анҷом дод.

Имзои Ёддошти тафоҳум барои таҳкими субот дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир

Санаи 10 марти соли 2025 дар бинои Дастгоҳи марказии Кумита бо иштироки Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистонбаргузор гардид.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар

Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мегардад.

Дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модарон рамзи басо неки ба ҳам омадани ду неруи бузурги зиндагиофар ва

Таҷлили Рӯзи Модар дар КҲФ (Видео)

Рӯзи Модар дар КҲФ

–уми марти соли 2025 дар остонаи Рӯзи Модар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа бо суханонти муқаддамотӣ Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ суханронӣ ва бонувонро ба муносибаи Рӯзи Модар муборакбор кард.

КҲФ: Эҳтиёт кунед, дар роҳҳо хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст!

Боришоти зиёд дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ва гарм шудани дамои рӯзҳои ахир хатари лағзиши тармаро ба бор овардааст. Вазъият дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти ҳавошиносони кишвар, то 7 марти соли 2025 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ

Страницы