Дар баробари мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони азиз ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, санаи 6 сентябри соли 2025, 34-умин солгарди Истиқлоли давлатиро, ки волотарин ва пурарзиштарин ҷашни таърихӣ барои миллати тоҷик ба шумор меравад, дар толори Кумита бо хурсандию хушнудии зиёд ҷашн гирифтанд.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Алишер, муовини Раиси Кумита ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, нахуст Раиси Кумита баромад намуда, ҳозиринро бо ҷашни фархундаи таърихӣ – Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт.
Қайд гардид, ки Истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Дар ин рӯзҳои ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамаи мо – хизматчиёни ҳарбӣ бояд шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон ҷомаи амал пӯшиданд ва имрӯз мо соҳиби давлати мустақил, Ватани озод, сарзамини биҳиштосо мебошем.
Дар идомаи чорабинӣ афсарони далеру шуҷои Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, бо фармоиши Раиси Кумита афсарони содиқи Ватан сазовори рутбаҳои ҳарбии навбатӣ ва бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.