Тоҷикистон: Лоиҳаи миллии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ (маблағгузории иловагӣ)

Ин ҳисоботи нимсолаи мониторинги муҳити зист ҳуҷҷати қарзгиранда мебошад. Андешаҳои дар ин ҷо баёншуда ҳатман андешаҳои Шӯрои директорон, роҳбарият ё кормандони БОРро ифода намекунанд ва метавонанд хусусияти пешакӣ дошта бошанд.

Диққати шумо ба бахши " шартҳои истифода "-и вебсайти БОР нигаронида шудааст. Ҳангоми таҳияи ҳама гуна барнома ё стратегияи кишвар, маблағгузории ҳама гуна лоиҳа, таъин ё ишора ба қаламрав ё минтақаи мушаххаси ҷуғрофӣ дар ин ҳуҷҷат, БОР ният надорад, ки дар мавриди мақоми ҳуқуқӣ ё дигар ягон қаламрав ё минтақаи ҷуғрофӣ қарор қабул кунад.

 

Арзёбии ибтидоии экологӣ

Ин экспертизаи  ибтидоии экологӣ ҳуҷҷати қарзгиранда мебошад. Андешаҳои дар ин ҷо баёншуда ҳатман андешаҳои Шурои директорон, роҳбарият ё кормандони БОР-ро ифода намекунад ва метавонад хусусияти пешакӣ дошта бошад. Диққати шумо  ба бахши “шартҳои истифода”-и ин вебсайт нигаронида шудааст. Ҳангоми таҳия ҳама гуна барнома ё стратегияи кишвар, маблағгузории ҳама гуна лоиҳа ё ишора ба як қаламрав ё минтақаи ҷуғрофӣ дар ин ҳуҷҷат, Бонки Осиёии Рушд ният надорад, ки  дар мавриди мақоми ҳуқуқӣ ё дигар ягон қаламрав ё минтақа қарор қабул кунад. (Иқтибос аз Лоиҳа)

Ҷасади марди 67-сола, ки моҳи июни соли равон ғарқ шуда буд, пайдо шуд

12 декабри соли 2024 бо супориши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ полковник Миракзода Н., аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят дар ҳайати панҷ нафар таҳти роҳбарии муовини командири ДМЗН майор Мирмамадов Д., такроран корҳои кофтукобии ҷасади шаҳрванд Барақбоев М.роҳандозӣ шуд.

Номбурда 67 сол дошта соҳиби 6 фарзанд буд ва дар деҳаи Ямчуни Ҷамоати деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим зиндагӣ дошта, дар шифохона кор мекард. 

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Мутобиқ ба  ҷадвали баргузории ҷаласаҳои навбатии Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини сардори Раёсат полковник Файзуллозода А., ва ҳайати гурӯҳ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар ҳузури муовини раиси ноҳияДиловар Қосимӣ бо иштироки аъзоёни Комиссия ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз баргузор карда шуд.

Семинари омӯзишӣ дар Раёсати Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи Барномаи “Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо” рӯзҳои 12-13-уми декабри соли 2024 дар Маркази таълимӣ-методии Раёсат бо иштироки 20 (бист) нафар  афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат, сардорону афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Панҷакент, Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Исфара семинари омӯзишӣ баргузор кард.

Страницы