Ҳалокати як нафар ва ҷароҳат бардоштани 3 тан дар Истаравшан

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки чор нафар сокинони шаҳри Истаравшан ҳангоми кандани хандақ зери хок мондаву яке аз онҳо ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои манбаъ ин афрод замоне зери хок монданд, ки саргарми кандани хандақ буданд ва баногаҳ хоки азим болояшон сарозер шуд. 

Аз ин ҳодиса се нафар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони шаҳри Истаравшан интиқол дода шуданд.

Дар кори наҷоти зерихокмондагон афсарони Бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Истаравшан ҳамроҳ бо сокинон саҳм доштанд.

Шахси ҳалокшуда дар ин фоҷиа як сокини 31-солаи  маҳаллаи Навоӣ, кӯчаи Очил Абдураҳмон буд.

Ҷароҳатбардоштагон сокинони кӯчаи Турсунзодаи маҳаллаи Навоии шаҳри Истаравшан буда, ду нафарашон 31-сола ва як нафари онҳо 21-сола мебошад.

Сабаби фоҷиа рияо накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор кор аст.

барчасп: