Шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд низ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ тадбирҳоро амалӣ менамояд.
Аз ҷумла, дар рӯзҳои истироҳатӣ дар назди кулу дарёҳо ва мавзеҳои шиноварии ҳудуди шаҳр, ки кӯдакону наврасон бештар дар он ҷойҳо ба оббозӣ машғул мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Масъулини шуъба иброз медоранд, ки гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ низ аз манфиат холӣ нест, зеро дар ҳамин рӯзҳо бештар кӯдакону наврасон дар минтақаҳои хавфнок ба оббозӣ машғул мешаванд.
Тақсим намудани брашуркаҳо яке аз ҷузъиёти корҳои фаҳмондадиҳӣ маҳсуб меёбад ва ин тадбир дар рӯзҳои истироҳатӣ идома дода мешавад.