КҲФ: ш.Панҷакент – "Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё намон!"
Чоп шуд: 03/08/2025 | redaktor
Шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд низ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ тадбирҳоро амалӣ менамояд.
Аз ҷумла, дар рӯзҳои истироҳатӣ дар назди кулу дарёҳо ва мавзеҳои шиноварии ҳудуди шаҳр, ки кӯдакону наврасон бештар дар он ҷойҳо ба оббозӣ машғул мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.