Фоҷиа дар Ваҳдат: Ду нафар, ки чоҳ мекофтанд, зери хок монда ҷон бохтанд

3-уми августи соли равон, соати 21:45 дақиқа ду нафар шаҳрвандон дар гузаргоҳи 1-ум маҳаллаи 14, хонаи №26-и шаҳри Ваҳдат ҳангоми кофтани чоҳи об ба фалокат дучор омада, ҷони худро аз даст доданд.

Ҳангоми кори чоҳкобӣ баногаҳ хоки азим болои сарашон чаппа шудааст ва онҳо зери хок монда, ба ҳалокат расидаанд.

Яке аз ҳалокшудани сокини 30-солаи  шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Н.Ганҷавӣ хонаи 11 ва дуюмӣ 46 сол дошта, дар деҳаи Солеҳони ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекард.

   Бо дарёфти хабар афсарони бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва ҳамроҳ бо кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ва аҳолӣ соати 23:00 дақиқа ҷасади ҳалокшудагонро аз зери хок бароварда, ба мақомотҳои дахлдор супориданд.

 

барчасп: