КҲФ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ бозҳам густариш меёбанд

29 июли соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули 844 маҷмӯаи гигиенӣ барои оилаҳо, ки бо дастгирии Ҳукумати ИМА харидорӣ шудаанд, доир гардид.

Ин маҷмӯаҳо барои вокуниши фаврӣ дар ҳолати офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар маросими қабул муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Сулаймон Исозода, аз Сафорати ИМА Роберт Кай ва аз ЮНИСЕФ Ҷон Риордан иштирок доштанд.

Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Исозода С. зимни суханронӣ иброз дошт, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои ҳамкориҳо омода мебошад.

Ҳамчунин, дигар меҳмонон низ дар навбати худ баромад карда, аз ҳамкориҳои худ изҳори андеша намуданд.

барчасп: