КҲФ: 30-солагии Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ

Имрӯз аз таъсисёбии Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд.

Дар маросими идона Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Исозода Сулаймон иштирок доштанд. Исозода Сулаймон аз таърихи таъсиси ин раёсат ёдоварӣ намуда, ҳама пешравиҳои самтро дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Сипас собиқадорони соҳа генерал-майор Орифов Бахтиёр ва дигар меҳмонон баромад карда, аз даврони фаъолияти корӣ дар Кумита изҳори назар намуданд.

Ҳамчунин дар қисмати дигар аз ҷониби масъулини кадрҳои Кумита, фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хонда шуд.

Ёдовар мегардем, ки 31 июли соли 1995 ин раёсат ташкил гардида, дар тӯли 30 соли фаъолият дар самти фаъолият корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.

Солҳои аввали фаъолият, раёсат аз аввал ба ҳайси Маркази наҷотдиҳӣ амал намуда, баъдан ба Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ табдили ном кардааст.

барчасп: