Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷониву хисорат

Имрӯз, 22.11.2021 тахминан соати 15:49 дақиқа, ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза  230 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 10 километр шарқ аз ноҳияи Лахш, дар ҳудуди минтақаи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказашбалл ва дар ноҳияи Лахш  3 баллро ташкил дод.
Аз талафоти ҷониву хисорат гузориш нарасидааст.

COVID-19: Эътирози аврупоиён ба эълони маҳдудиятҳои нав ва ваксинаи иҷборӣ

Бино ба гузориши Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то 22 ноябри соли ҷорӣ дар олам 257 миллиону 806 ҳазору 835 нафар ба COVID-19 сироят шуданд ва аз ин беморӣ то кунун дар саросари олам 5 миллиону 167 ҳазору 497 нафар ҷон бохтанд. Ҳамоно ИМА, Ҳинд, Бразилия се кишваре мебошанд, ки шумори зиёди гирифторон доранд.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 36 970 нафар чун мубталои...

Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори аввал

Борандагӣбориш (анг.  Precipitation) – як падидаи атмосферӣ аст, ки об  дар натиҷаи дар ҳолати моеъ ё сахт аз абрҳо ё ҳавои намнок ба сатҳи замин ё ба рӯи дигар чизҳо мерезад. Бориш аз рӯи ғафсии қабати оби борида бо миллиметр чен карда мешавад. Ба ҳисоби миёна дар кураи замин солона 1000 мм боришот мешавад, дар биёбонҳо камтар аз 250 мм ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ёрии башарии созмони Каритаси Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)

Бо мақсади татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Созмони Каритаси Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он ҳолати фавқулодда дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили ёрии башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ баргузор шуд.

Ду амалиёти наҷот дар як рӯз

Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кумаки имдодгарон дар ду ҳодисаи рӯзи гузашта хабар дод.

Як сокини кӯчаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод...

Страницы