Машқҳои тактикии махсус бо имдодгарон дар ВМКБ

27 июли соли 2022 дар кӯли Ёмҷи ҷамоати ба номи Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба муҳити зист тамринҳои тактикӣ-иҷтимоӣ гузарониданд.

Дар ин машқ маҳорати касбии наҷотдиҳандагон дар расонидани кумак...

Ду ҳодисаи рӯзи гузашта. Пайдо шудани ҷасади навраси 16-сола ва бартараф кардани паёмадҳои ҳодисаи комуналӣ дар як бино

27 июли соли 2022 ҳангоми навбатдории шабонарӯзӣ имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷасади як наврасро аз об берун оварданд ва паёмадҳои садама дар системаи коммуналиро дар як таҳхонаи бинои истиқоматӣ рафъ намуданд.

Чуночӣ, наҷотдиҳандагони дастаи байниминтақавии...

Қадршиносӣ барои наҷоти шахсе, ки ғарқ мешуд

27 июли соли 2022 бо дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе Ҷунайдулло Ализода барои наҷоти шахси ғарқшуда бо медал ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуд.

Оғози тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ

26 июли соли 2022 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд тамринҳои маҷмуъиро оғоз карданд.

Ин омӯзишҳо муддати се рӯз дар мавзӯи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои офтати табиӣ ва истифодаи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” хоҳад гузашт.

Ҳушдор аз хокбориши рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 29-уми июл то 1-уми августи соли равон бар асари ҳаракати мавҷҳои гармӣ аз ҷануб дар қаламрави ҷумҳурӣ дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамол бо қувваи 15-20 метр дар як сония хоҳад вазид, дар ин рӯзҳо эҳтимоли хокбориш ҳам вуҷуд дорад.

Страницы