Дар асорати барф: Ҳикоят аз 12 филм дар бораи зиндагӣ дар домани барфҳо

Синамо дар ҳар давру замон инъикосгари воқеъияти зиндагист, гарчи ин воқеъият дар либоси бадеият ва ба кор гирифтан аз санъати хос ба ҷомеа расонида мешавад. Кулли филмҳо аз ҳаводиси рухдода сохта мешаванд, воқеъияти зиндагӣ ба ҳадде бой аст, ки барои ҳазорон филми ҳунариву мустанад мавод медиҳад. Муруре ба филмҳои беҳтарин дар мавзӯъи барфу фоҷеаҳои инсонии аз ин падидаи табиат рухдода...

Пайваста ба тақдири халқу ватани хеш умраш

Бисту ҳафт сол муқаддам Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд. Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ

Ҳашар дар вилояти Хатлон. Ширкати фаъоли Раёсати КҲФ дар вилоят

Рўзҳои 10-12 ноябри  соли 2021 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳашари дастаҷамъӣ баргузор шуд, ки илова ба поккориҳо дар кӯчаву хиёбонҳо инчунин корҳои соҳилбандӣ, тоза кардани каналу ҷӯву заҳбурҳо, селроҳаҳо, партовгоҳҳо, сойҳо гузаронида шуданд.

Дар чорабинии мазкур 1880 нафар кормандони ташкилот...

КҲФ Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ хостори идомаи ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо

15 ноябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори  Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдан баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Сарвари КҲФ ҷаноби сафирро барои...

Диду боздидҳои Директори генералии БОР дар Осияи Марказӣ ва Ғарбӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

14 ноябри соли 2021 дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори генералии департаменти минтақавии Бонки Осиёии Рушт дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ҷаноби Евгений Жуков аз шуъбаи Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Ҳисор дидан кард.

Страницы