Чанд хабари нав аз коронавирус дар олам ва Тоҷикистон

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз шумори гирифтрон ба коронавирус дар олам ба беш аз 194 миллион нафар расид. Теъдоди ҳалокшудагон аз 4,17 миллион нафар боло рафт. Дар ИМА мубталоён ба зиёда аз 35, дар Ҳинд болотар аз 41,4 ва Бразилия бештар аз 19,6 миллион нафар расидаанд. Русия дар гирифторӣ ба коронавирус дар ҷаҳон ҷойи панҷумро ишғол мекунад.

Раиси вилояти Суғд дар ноҳияҳои Айниву Панҷекат бо ҷараёни корҳои рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой  Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат рӯзи 20 июл дар деҳаи Шурмашки Ҷамоати деҳоти Фондарё сел омада, ба хоҷагии халқ зарар расонид. Бар асари офати табиӣ чанде аз хонаҳои сокинон зарар дида, роҳу пулҳо хароб гардиданд.

Доктор Давлатов: Беморон аз коронавирус намемиранд – аз ташхиси хато ё табобати нодуруст мемиранд

Суҳбати сеюми мо бо доктор Абдуллоҳ Давлатов-духтури тоҷики муқими Москав боз ҳам атрофи коронавирус ва таъсири воксинаҳо ба инсон буд. Ба назар мерасад имрӯз муҳимтар аз ин мавзӯъ надорем, чун мебинем, ки ҳам шумори гирифторони шабонарӯзӣ дар икшвар афзоиш дорад ва ҳам шумори фавтидагон.

Аз охири соли гузашта ҳатто дар ҷаҳон  аз мағлубияти...

Заминларзаи дигар дар Рашт. Талафоти ҷониву хисорат нест

Тибқи маълумоти маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон соати 00:31 дақиқаи рӯзи 25-уми июли соли равон дар қаламрави кишвар замин такон хӯрд.  

Маркази зилзила 165 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 км шимоли ноҳияи Рашт буда, қувваи зилзила дар марказаш 3-4 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод 3 баллро ташкил дод.

Таркиш дар кони ангишти Шӯроб як нафарро ҳалок кард

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бегоҳии рӯзи 24-уми июли соли равон, тахминан соати 17:00 дар кони ангишти Шӯроби Исфара таркиш ба амал омад.

Бар асари ин таркиш як нафар ҳалок ва як нафари дигар аз газ заҳролуд шуда ба бемористон интиқол дода шудааст.

Страницы