Ҳафтод нафар афсарон ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Фестивали ҷумҳуриявӣ ширкат карданд
Чоп шуд: 24/05/2022 | admin
Ҳафтод нафар афсарон ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали ҷумҳуриявии “Гулчини сурудҳои ватандӯстона”, ки таҳти унвони “Дунё пур аз ҷавонист” баргузор шуда буд, ширкат карданд.
Ин фестивал шоми 23-уми майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар бинои амфитеатри Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ баргузор шуд.