Соати 00:38 дақиқаи рӯзи 13-уми октябр ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар яке аз хонаҳои бинои 12-ошёна воқеъ дар кӯчаи Бохтари шаҳри Душанбе дари хона баста шудааст ва кӯдаки дусола дар дохил танҳост. Волидон беруни дар мондаву наметавонанд ворид шаванд.
Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд ва онҳо дарҳол фаҳмиданд, ки қулфи дари оҳанӣ вайрон шудааст ва онро танҳо аз дохил метавон беосеб боз кард.
Бартараф кардани ҳолати ба миёномада ду роҳ дошт: бо истифода аз таҷҳизоти садамавиву наҷоти гидравликӣ боз кардани дар ва ё ворид шудан аз тирезаи хона. Аммо мушкил ин ки агар роҳи якум истифода шавад, кӯдак дар дохилӣ хона аз садоҳои барояш ношинос метавонад тарсад ва ҳам дар ин як поси шаб ниме аз ҳамсоягони хобро метавон бедор карду дар ташвишу изтироб андохт.
-
ТИФЛОНИ ТАНҲО ПАСИ ДАРҲОИ БАСТА. ВОЛИДОН ЧАРО ЭҲТИЁТ НАМЕКУНАНД?
-
САГҲО ВА КӮДАКОН. ИШОРА БА ЧАНД ИШТИБОҲИ ВОЛИДОН
Аз сӯи дигар, дар ҳам дигар корношоям мешавад ва бояд онро нав кард. Аз ин рӯ, имддодгарон ба қароре омаданд, ки аз тирези вориди хона шаванд ва дарро аз дарун боз кунанд. Ва онҳо бо истифода аз таҷҳизотҳои кӯҳгардӣ аз тиреза вориди манзил шуданд.
Бо вуҷуди эҳтиёт кӯдак аз хоб бедор шуд ва тарсид, чун дар атрофаш касе аз чеҳраҳои барояш ошноро надид. Замоне тарс аз вуҷудаш берун шуд, ки модар ва падараш канораш омаданд.
Наҷотдиҳандагон бо волидони тифл ҳамсуҳбат шуданд ва онҳоро аз паёмадҳои нохӯшӣ ин ҳолат огоҳ карданд. Ба онҳо гуфтанд, ки ба ҳеч ваҷҳ тифлро танҳо набояд дар хона гузошт ва агар зарур шуд, яке бояд аз хона берун шавад ва дуюмӣ бо фарзандашон монад. Ва ё агар зарурате пеш омад, ки ҳам падар ва ҳам модар бояд берун раванд, пас бояд ҳатман кӯдакро бо худ бигиранд.
Муфассалтар дар бораи қоидаҳои бехатарии кӯдаки танҳо дар хонаро аз ин матлаб бихонед: