Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду маротиба бо даъвати шаҳрвандон аз қароргоҳи худ берун шуданд ва дар ноҳияҳои гуногуни пойтахт ду дари бастаро боз намуданд. Ҳодисае, ки қариб ҳар рӯз такрор мешавад.
Дар мавриди аввал паси дари баста писарбачаи яксола дар хона танҳо монда буд ва дар манзили дигар духтарчаи дусола танҳо буд. Дар ҳарду маврид низ волидон аз беэҳтиётӣ ё саросемагӣ аз хона берун шудаву калиди дарро бо худ нагирифта буданд.
Мо борҳо дар ҳошияи ин гуна хабарҳо аз оқибату паёмадҳои эҳтимолии нохӯшӣ ин гуна бепарвоиҳо гуфтаем ва як матлаби хеле муфассалу хондание ҳам дар сомона дорем, ки метавонед мутолиа намоед.
Кӯдаки танҳо дар хона бештар аз ҳама паёмади равонӣ дошта метавонад. Тифлак метавонад тарсад ва ё ба коре аз нодонӣ даст занад, ки оқибаташ ҷуброннопазир бошад.
Чун ҳамеша дар ҳамин ду маврид ҳам наҷотдиҳандагон бо волидон ҳамсуҳбат шуданд, онҳоро аз оқибатҳои ин гуна ҳодисаҳо огоҳ намуданд. Ба онҳо гуфтанд, ки фарзандонд доштан кори саҳлу осоне нест, бояд ҳамеша амнияту бехатарии ӯро таъмин кард.
Рӯзи гузашта ҳамчунин наҷотдиҳандагон хатари як шохи шикастаи дарахти азимеро, ки ба манзили сокинон таҳдид мекард, бартараф намуданд.
Як сокини кӯчаи Мушфиқӣ 89/5 ба Қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки дар қаламрави манзили истиқоматии ӯ шохи шикастаи як дарахт хатар эҷод кардааст.
Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида, бо арра шохи шикастаро буриданд ва сокини ин хонаро аз хавф наҷот доданд.