Ҳудуди 1300 куштаи заминларзаи Ҳоитӣ дар шанбеи гузашта. Ин кишвар сари роҳи тӯфони “Грейс” низ қарор гирифтааст

Дар натиҷаи як заминларзаи шадид дар Ҳоитӣ то ба ин лаҳзаҳо 1297 нафар ҷон бохтаанд, аммо ин омори ниҳоӣ нест. Ҷустуҷӯи қурбониёни зилзила идома дорад.  Ҳукумати Ҳоитӣ эълон кард, ки замин дар кишвар ба қувваи 7,2 бал такон хӯрд ва то субҳи рӯзи якшанбе ҷасади 1297 нафар пайдо шудааст. Ҳамчунин аз ҷароҳатдор шудани беш аз 6 ҳазор нафар гузориш дода мешавад. 

Шумори гирифторон ба Covid-19 дар Тоҷикистон ба 16 ҳазор наздик шуд

Шаби 13-уми августи соли равон шумори гирифторон ва коронавирус 106 миллиону 751 ҳазору 968 нафар эълон шуд. Кишварҳое, ки бештар аз дигарон мубтало ба Covid-19 доранд:

ИМА— 37 209 403

Ҳинд — 32 155 765

COVID-19: Мубталоён дар олам аз 201,6 миллион ва фавтидагон аз 4,3 миллион гузашт. 1,5 миллион нафар сокинони Тоҷикистон ваксин гирифтанд

Шабонарӯзи гузашта дар олам 659 772 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд ва 9971 нафар аз ин бемории хатарзо фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар саросари олам 204 миллиону 644 ҳазору 849 нафар мубталои COVID-19 шуданд ва  4 миллиону 323 ҳазору 139 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.

Вазорати тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии ИМА аз

Наҷоти 5 ноболиғ дар як лифти харобшуда

12 августи соли 2021 соати 18:19 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар бинои №12/2 кӯчаи  Нусратулло Махсум лифт вайрон шудаву дар он 5 нафар ноболиғон руст мондаанд.

Барои расонидани ёрии фаврӣ гурӯҳи наҷотдиҳандагони...

Фоҷеаи мудҳиш дар Дарвоз: Ҳалокати 5 узви як хонадон дар садамаи мошин Онҳо ҷанозаи зани 74-соларо интиқол медоданд

12 – уми августи соли 2021 дар километри 390 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар қаламрави деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Дарвоз садамаи мошин ба қайд гирифта шуд. 

Мошини тамғаи «Lexus 470», ки аз ҷониби як сокини деҳаи Бағуши ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ идора мешуд, бо сабабҳои номаълум  дар дарёи Панҷ...

Страницы