Бахши ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран аз эълони баъзе маҳдудиятҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хабар дод. Ин ширкат дар хабаре, ки чанде пештар дар саҳифаи худ дар Фейсбук гузошт, навиштааст, ки шаби гузашта бориши барфу борон дар масири роҳи Душанбе- Чаноқ идома ёфта, дар километрҳои 154 - 160 баландии барф зиёд гардид.
Кормандони филиали Ширкат аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд, то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад. Ин кор аз субҳи барвақт давом дорад.
Бо мақсади ба амал наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт баъзе маҳдудият ҷорӣ гардид ва аз ронандагону мусофирон хоҳишмандем, ки моҳияти онро дарк намоянд”.
Гуфтанист, ки ин маҳдудятҳо чандон зиёд нестанд ва танҳо ба мошинҳои боркаши ядакдор дахл доранд, ки бештар сабаби танба дар роҳҳо мешаванд.
Баъзе овозаҳо дар мавриди баста будани роҳ асос надоранд, мошинҳо аз ду ҷониб бе мамониат равуо доранд.
Кормандони ширкати ёдшуда барои бехатарии ҳаракати мошинҳо сари вақт роҳро аз барф пок мекунанд.
Аксҳои аз саҳифаи "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД".