Барфу борони рӯзҳои 18-19-уми октябр дар қаламрави кишвар муҷиби офатҳои табиӣ ҳам шуд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ сел омад. Роҳро муваққатан баст.
19 октябри соли 2022 соати 18:58 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт, хонаи № 155/4 ба Қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки борони шадид сабаби он шудааст, ки об ба таҳхонаи бинои истиқоматии онҳо ворид шудааст. Барои рафъи ҳолати бамиёномада навбатдорони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд.
Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти обкашӣ оби таҳхонаро берун кашиданд ва хатари ба миёномадаро бартараф намуданд.
Ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.
Ҳамчунин, 19 октябр соати 17:09 боришоти шадид сабаби омадани селҳо дар километри 322 роҳи мошингарди Душанбе – Дарвоз-Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Шкеви ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, шудааст. Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд, мошинҳо аз ҳаракат бозмонданд.
Бо талоши кормандони вазорати нақлиёт ва ҷалби техника паёмадҳои ин офат бартараф карда шуд. Соати 19:05 дақиқа роҳ боз шуд ва ҳоло мошинҳо аз ду ҷониб бе мамониат равуо доранд.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар мавсиме, ки сардиҳо фаро мерасанд ва боришот бештар мешавад, эҳтиёт кунанд ва ба тавсияҳои мақомоти дахлдор, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Вазорати тандурустӣ, Вазорати нақлиёт, ВКД, БДА таваҷҷуҳ намоянд.