Гирифторон ба Covid-19 дар олам ба 201 миллион наздик шудааст. Чин вуруду хуруҷро дубора манъ кард

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам ба 200 миллиону 815 ҳазору 159 нафар расид. Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия, Фаронса дар панҷгонаи кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифтрон ба  Covid-19 доранд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақрибан 93,4 дарсади сироятшудагон ба гунаи “Делта” сироят шудаанд.

COVID-19 дар олам ва Тоҷикистон

Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 424 716 сироятшудаи нав ба коронавирум ба қайд гирифта шуд ва 7766 нафар аз COVID-19 ҷон бохтанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми гузашта аз сирояти боз 74 нафар ва шифо ёфтани 83 нафар хабар дод. Ин вазорат навишт: дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 3 август  дар кишвар 15293 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19

Дар минтақаи Ҳисор таҷҳизоти нави радарии Хадамоти зидди жолаи Кумита ба истифода дода шуд (ВИДЕО)

3 –уми августи соли 2021 бо ширкати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи ҷашнвораи 30-солагии Истиқлоли кишвар ва бо мақсади татбиқи лоиҳаи муштараки КҲФ ва БОР дар ҷамоати деҳоти Шӯроби Искандари шаҳри Ҳисор таҷҳизоти муосири радиолакатсионии тамғаи ​​DMRL - C - 5 ва маросими ифтитоҳи бинои тозатаъмири шуъбаи Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Заминларза дар Тоҷикистон. Аз талафоти ҷониву хисорат гузориш нарасидааст

Шаби гузашта, 2-уми августи соли равон тахминан соати 22:13 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Маркази заминларза 167 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 23 километр ҷанубу шарқи ноҳияи Тоҷикобод буда,  қувваи он дар марказаш 3-4  балл,  дар ноҳияи Рашт  2-3  баллро ташкил дод.

Чаро тӯфонҳо бештар номи занона доранд? Ва чаро ҷопониҳо ба тӯфонҳои харобкор номи занона намегузоранд?

Асли суол бояд ин гуна буда бошад, ки чаро аслан тӯфонҳоро номгузорӣ мекунанд ва ин кор аз кай шурӯъ шуда? Посух ҳам хеле кутоҳ аст: аз он сабаб, ки  онҳоро ба ҳам наёмезанд, чун тӯфонҳо ҳар сол зиёд рух медиҳанд ва бояд ҳадди харобиву қувваи он аз ҳам фарқ карда шавад. Бахусус вақте дар як ноҳия якбора чандин тӯфони тропикӣ рух медиҳад.

Страницы