Ду хабар аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе
Чоп шуд: 16/05/2022 | admin
Бегоҳии рӯзи 14-уми майи соли равон як сокини кӯчаи Абдурраҳмони Ҷомӣ 30, ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ба сабабҳои номаълум таҳхонаи ин бино аз об пур шудааст.
Бо дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамали наҷот Раёсати КҲФ дар шаҳри душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд.
Онҳо бо ёрии насосҳои обкашӣ оби таҳхонаро пурра кашиданд ва то соати 22:30 дақиқа ҳолати хатар дар ин бино бартараф карда шуд.