Ҷасади ронандаеро, ки 11 рӯз пеш дар рӯди Панҷ сарозер шуда буд, пайдо карданд

Ҷасади ронанда

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аз пайдо шудани ҷасади як марди 58 – сола дар соҳили дарёи Панҷ хабар дод. Гуфта мешавад, ки ин мард, ки сокини деҳаи Чоҳкандези ҷамоати деҳоти Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон буд, рӯзи 10-уми сентябри соли ҷорӣ бо мошинаш ба дарё сарозер шуда буд.

Ҳодиса он рӯз тахминан соати 13:45 дақиқа рух додааст ва мошини тамғаи Toyota Hilux, ки ӯ ронандагӣ мекард, ба НБО-и Помирэнержӣ мутааллиқ будааст.

Ин мошин дар километри 567-уми деҳаи Буни ҷамоати деҳоти Ширинҷонови ноҳияи Шуғнор ба дарё рафта буд.

Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда муддати 11 рӯз идома дошт ва билохира пайдо ва ба хешовандонаш супурда шуд.

барчасп: