Рӯзи 22 сентябри соли 2022, соати 18:58 дақиқа як сокини бинои 41/1, кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дари хонаи истиқоматиаш баста шудаву фарзани ноболиғаш дохили он мондааст.
Бо дарёфти хабар дстаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва соати 19:50 дақиқа дари хонаро боз карданд.
Духтарчаи соҳибхона, ки 7 сол доштааст, сиҳату саломат буд ва ниёз ба ҳеч кӯмаке надошт.
Кормандони наҷот бо модари ӯ дар мавриди таъмини амнияти фарзандонаш ва дар бораи зарарҳои эҳтимолии танҳоӣ дар хона суҳбат карданд.
***** ***** *****
Аз Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон гузориш расид, ки як сокини 16-солаи ҷамоати деҳоти Пахтакори ноҳияи Шаҳритӯс рӯзи 20-уми сентябр аз хона баромада дигар барнагаштааст. Як рӯз пас бародараш аз соҳили дарёи Кофарниҳон сару либос ва пойафзолашро пайдо кардааст. Тахмин зада мешуд, ки ӯ дар оби пуршӯри дарё ғарқ шудааст.
Рӯзи 22-уми сентябр соати 10:00 пас аз роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ афсарону мутахассисони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо сокинони маҳал ҷасади писари ноболиғро пайдо ва ба волидонаш супурданд.